ҚАДАМҲОИ МУАССИРИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ ДАР ҶОДАИ ҲАМКОРӢ

Февраль 5, 2011 09:23

 Душанбе, 5 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Туркия дар заминаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва  байнипарлумонӣ дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мехмет Мунис Дирик дар Душанбе баррасӣ гардид.  Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки имрӯз байни ҳар ду кишвар фазои солим ва шароити мусоиди ҳамкориҳо вуҷуд дорад. Ва ин имкониятро бояд самаранок истифода кард. Хусусан, Маҷлиси намояндагон қонуну  санадҳое қабул кардааст, ки ҷиҳати фаъолияти озоди сармоягузорон ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.  Ба андешаи Ш. Зуҳуров Тоҷикистон бо Туркия дар бахшҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ равобити ҳасанаи судмандро ба роҳ мондааст. Яке аз бахшҳое, ки байни ду кишвар бештар тавсеа  ёфтааст, соҳаи маориф аст. Тибқи созишномаҳои  дар бахши маориф ба тасвибрасидаи Тоҷикистону Туркия дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода  литсейҳои туркӣ фаъолият менамоянд, инчунин теъдоди бештари донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Туркия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.   Дар  мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои судмандро байни Тоҷикистону Туркия дар бахшҳои энергетика, саноат, туризм, кишоварзӣ, коркарди сарватҳои табиӣ ва чарм,  таъсиси корхонаҳои муштарак баррасӣ намуда, пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд.   Сафири Туркия иброз дошт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон тамоми нерӯи худро бобати тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Туркия сафарбар менамояд.   

Февраль 5, 2011 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад