ҚАДРДОНИИ ҲОМИЁНИ ТАРТИБОТ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, хизмати содиқона ва ба муносибати 86-умин солгарди таъсисёбии милисаи тоҷик як қатор кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мукофотонида шуданд. Аз ҷумла, полковник Мирзонаим Муртазоев, подполковникҳо Авазхон Азизов, Бахтиёр Ҳомидов, Қаҳҳор Пайғамбарқулов (ШКД-и шаҳри Табошар), майорҳо Ҳамидулло Усмонов (ШКД-и шаҳри Хуҷанд), Баҳодур Мадалиев, Икром Қоҳиров, капитан Анастасия Семёнова, прапоршик Фармонбек Худоёров (ШКД-и ноҳияи Б.Ғафуров) ва сержант Ҷамолиддин Собиров. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






