ҚАРЗҲОИ «БАРҚИ ТОҶИК» — РО КӢ БАРМЕГАРДОНАД?

Февраль 11, 2011 09:23

   Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба шарҳи матбуотии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, сохторҳои вазорати мазкур дар назди ШСХК «Барқи тоҷик» 154, 3 млн. сомонӣ қарздоранд, ки 22, 7 миллион сомонии он танҳо бақияи қарзи соли 2010 мебошад.   Ба иттилои ҳамин манбаъ, сохторҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар соли 2010 беш аз 1 млрд. 350 млн. кВт/ соат нерӯи барқ истифода намудаанд, ки нисбат ба соли 2009 65 млн. кВт/ соат кам аст. Танҳо арзиши барқи дар соли 2010 истифодашуда 28,3 млн. сомониро ташкил додааст.   Айни замон қарзҳои дебитории вазорати мазкур дар назди ШСХК «Барқи тоҷик» бо назардошти қарзи солҳои гузашта 233, 4 млн. сомонӣ ва қарзҳои кредиториаш ба 251 млн. сомонӣ расидааст, ки аз ин 39, 6 млн. қарзи андоз, 11, 4 млн. қарзи фонди ҳифзи иҷтимоӣ буда, 4 млн. сомонии дигарро қарзи музди меҳнат ташкил медиҳад.   

Февраль 11, 2011 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад