ҚАТЪИ МАҲДУДИЯТИ РӮЗОНАИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 22, 2011 10:02

    Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Шурӯъ аз 20 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   маҳдудияти рӯзонаи нерӯи  барқ бардошта шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод.     «Акнун тамоми истеъмолкунандагони нерӯи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ бе маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. Меъёри шабонаи маҳдудияти нерӯи барқ танҳо дар он ноҳияҳое боқӣ монд, ки аз аввал дар  он ҷойҳо буд. Маҳдудияти нерӯи барқ дар ин ноҳияҳо аз соати 22.00-и шаб то соати 5.00-и субҳ амал менамояд»,-хабар дод манбаъ.    Ёдовар мешавем, ки бо сабаби гузаштан ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф, фаъолияти муназзами НБО-и «Сангтӯда-1» ва дигар НБО-и хурд, ҳамчунин истифодаи мақсадноки обанбори Норак дар давраи тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ таъмини аҳолии ҷумҳурӣ  бо нерӯи барқ нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар гардид.             Бояд гуфт, ки аҳолии деҳот тӯли ин муддат дар як шабонарӯз 10-14 соат нерӯи барқ мегирифт. Ба андешаи мутахассисон маҳдудияти пурраи нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ имсол нисбат ба соли гузашта хеле барвақттар бардошта мешавад.

Февраль 22, 2011 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад