ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-НИШОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — 18 феврал бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Кувваҳои мусаллаҳи ҶТ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ тамоми афсарону аскарони қисмҳои низомӣ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ҳозиринро бо ҷашн табрик намуда иброз дошт, ки яке аз нишонаҳои олии соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб ёфта, дар давоми 18 соли мавҷудияти худ таҳкиму тақвият ёфта, беҳдошти моддию техникии он баръало эҳсос мегардад. Дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид гардид, ки имрӯз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта пурра карда, қисми дигар бо доштани малакаи баланди ҳарбӣ дар муассисаҳои олии мамлакат баҳри ҳифзи бузургтарин арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ифтихормандона хизмат менамоянд. Маҳз чунин арҷгузорӣ нисбат ба яке аз рукнҳои давлатдорӣ аст, ки бо беҳ гардидани вазъи қисмҳои низомӣ ва бедор намудани ғурури ватанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон шумораи ихтиёриён дар сафи Қувваҳои низомии кишвар дар қиёс бо солҳои пешин боло рафтааст. Дар хатми ҷамъомад беҳтарин афсарони шуҷои ватан бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Роҳбарону собиқадорони соҳа ҳар яки онҳоро ба ҳифзи софдилонаю гиромӣ доштани ҳар пора хоки Тоҷикистони азиз давъат намуданд. Дар поёни ҷамъомад барномаи фарҳангии ҷолиб иборат аз сурудҳои ватандӯстона намоиш дода шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






