22 СОЛАГИИ ХУРӮҶИ ҚӮШУНҲОИ ИҶШС АЗ АФҒОНИСТОН

Февраль 15, 2011 12:40

   Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 15 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи баровардани қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ аз хоки Афғонистон ҷашн гирифта мешавад. Ёдовар мешавем, ки имсол ба ин сана 22 сол пур шуд.  Маросими тантанавӣ бахшида ба ин санаи муҳим дар назди пайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко баргузор гардид, ки иштирокчиёни он хотираи қурбониёни ин ҷангро пос доштанд.    Дар ҷамъомад ветеранҳои ҷанги Афғонистон, сарҳадбонони Тоҷикистону Русия ва намояндагони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иштирок намуданд.   Ҷамъомади мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти кишвар ва пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон ташкил гардид.Қайд шуд, ки 15 ҳазор нафар фарзандони тоҷик қарзи интернатсионалии худро дар Афғонистон иҷро намуданд, ки аз онҳо 366 нафар ҳалок гардида, зиёда аз ҳазор нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.Инчунин зикр гардид, ки дар ин ҷанг 5 ҷанговари тоҷикистонӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сарфароз гардиданд.   Тибқи маълумоти охирин ҳоло дар ҷумҳурӣ 7 ҳазор нафар чунин ҷонфидоҳо зиндагонӣ менамоянд.     Хотиррасон менамоем, ки артиши Шӯравӣ моҳи декабри соли 1979 ба хоки Афғонистон дароварда шуд. Дар соли 1988 баъди ба имзорасии Созишномаи Женева баровардани Артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон оғоз гардид ва 15 феврали соли 1989 охирин ҷузъи 40-уми Армияи ИҶШС хоки Афғонистонро тарк намуд. Артиши Шӯравӣ 9 солу як моҳу 12 рӯз дар қаламрави Афғонистон қарор дошт. Дар ин муддат дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ 15 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Мувофиқи маълумоти расмӣ дар ин ҷанг 147 танк, 1314 автомашинаҳои зиреҳпӯш, 433 системаи артиллерӣ, 118 тайёра ва 333 чархбол талаф ёфт. Барои дастгирии режими Кобул ҳамасола аз буҷаи ИҶШС 800 миллион доллари америкоӣ маблағ ҷудо мешуд.     Коллективи эҷодии АМИТ «Ховар» аз фурсати муносиб истифода бурда, корманди ин Агентӣ Ҳотам Рабиевро, ки ҷанговари интернатсионалист буда, тӯли солҳои зиёд дар АМИТ «Ховар» фаъолият менамояд, бо ин ҷашн табрик менамоянд.   Хотиррасон мекунем, ки Ҳотам Рабиев солҳои 1987- 1989 дар шаҳри Кобул ва вилояти Лугари Афғонистон дар қӯшунҳои ҳарбии ИҶШС ба сифати афсар- тарҷумон хизмат намудааст. Барои хизматҳои шоён ӯ бо ордени «Ситораи Сурх», Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ИҶШС, медалҳои «Хизмати шоён»,«Аз халқи миннатдори афғон», «70-солагии қӯшунҳои ИҶШС» сарфароз гардидааст. 

Февраль 15, 2011 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд