608 МЛН. СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢДАР МОҲИ ЯНВАР

Февраль 17, 2011 10:49

   Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2011 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 608, 1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 як баробар зиёд аст.   Ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард дар моҳи январи соли 2010 ба андозаи 414, 2 млн. сомонӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 155,7 млн. сомонӣ, нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 153,7 млн. сомонӣ, истеҳсоли селлулозаю коғаз, фаъолияти табъу нашр 1,6 млн.сомонӣ, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 18,1 млн. сомониро ташкил дод.   Аз 78 намуди маҳсулоти саноатии муҳими истеҳсолшаванда дар моҳи январи соли 2011 истеҳсоли 34 номгӯй афзуда, 26 номгӯй кам шуд ва 18 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол нашуд.

Февраль 17, 2011 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад