БИНОИ ОСМОНБӮСИ ДУШАНБЕ ҚОМАТ МЕАФРОЗАД

Февраль 11, 2011 15:31

   Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе маҷмааи мӯҳташам бо номи «Душанбе Плаза», ки баландтарин бино дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.   Алҳол корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ дар ошёнаи 19-уми иншооти мазкур ҷараён дорад. Назар ба иттилои сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Отахон Ҳасанов дар иншооти мазкур, ки аз 20 ошёна иборат аст, беш аз 500 нафар сохтмончиёни ватанӣ дар се баст фаъолият дошта, музди миёнаи маошашон беш аз 1000 сомониро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки пудратчии ин иншооти бузурги ҷашнӣ ҶДМД «Тоҷсохтмонбайналмилал» ва фармоишгараш Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе мебошад.   Отахон Ҳасанов афзуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот ҳанӯз моҳи октябри соли 2009 шурӯъ гардида, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар» / Гипрострой/ таҳия гардидааст. Масоҳати умумии иншоот 38 495, 9 метри мураббаъ мебошад. Иншоот дар миқёси кишвар баландтарин бино буда, ба таври рамзӣ аз 20 қабат иборат аст.    Баландии ошёнаҳои 1 то 5 -ум 6 метр ва баландии қабатҳои 6-то 20 3,6 метрро ташкил медиҳад.    Таъиноти истифодаи бино гуногун буда, ошёнаи аввали он марбут ба хадамоти иттилоърасонӣ аст. Ошёнаи дуюм толори намоишгоҳ, ошёнаи сеюм осорхонаи мардумшиносӣ /этнографӣ/, ошёнаи 4-5 толорҳои хурду калон барои гузаронидани маҷлису конфронсҳоро дар сатҳи олӣ дар бар мегирад. Қабати 6 тарабхонаи тобистона, ошёнаи 7 то 15 ҳуҷраҳои корианд. Қабатҳои 16-17-18 ва 20-ум опортумон, яъне ҷои корӣ ва зист буда, дар қабати 19 ошхона ҷойгир мебошад. Масолеҳи сохтмоние, ки дар бунёди ин иншоот истифода мешавад, ватанию хориҷист. Бинои мазкур мустаҳкам сохта шуда, ба зилзилаи 9 бала тобовар аст.   Ба иттилои Отахон Ҳасанов, дар иншоот назорати муаллифӣ аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар» ва назорати техникӣ аз ҷониби фармоишгар- Раёсати сохтмони асосии шаҳр ба роҳ монда шудааст. Инчунин, назорати сифати масолеҳи сохтмоние, ки дар иншоот истифода мешавад, аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИОСП» дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда шудааст. 

Февраль 11, 2011 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад