БОЗДОШТИ ДУ ШАҲРВАНДИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ БО БАНГДОНА

Февраль 16, 2011 14:47

    Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус дар кӯчаи Айнӣ 269-и пойтахт истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ Наҷмиддин Бобиев, соли таваллудаш 1991, муваққатан бекорро боздошт намуданд. Ҳангоми кофтуков аз борхалтаи номбурда 1 килограмму 830 грамм маводи нашъадори бангдона ёфт ва мусодира гардид.    Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ғайр аз ин дар таърихи 15 феврал зимни гузаронидани амалиёт дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ Дилшод Саидов бо гумони нашъафурӯшӣ боздошт гардид. Зимни кофтукоб аз номбурда 2 килограмму 300 грамм бангдона мусодира гардид.    Нисбат ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.  

Февраль 16, 2011 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид