ДАРЁФТИ 22 КГ ҲАШИШ АЗ МОШИН
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар ба Ҷумҳурии Қирғизистонро гирифтанд. Тавре аз маркази матбуоти Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чанд моҳ қабл кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи ҷиноятии муташаккилонаро, ки аъзояш шаҳрвандони кишвар ва Ҷумҳурии Қирғизистон буданд, назорат мекарданд. Онҳо нақша доштанд, ки миқдори зиёди маводи нашъаоварро ба Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар шоҳроҳи «Хуҷанд- Конибодом» автомашинаи тамғаи «Опел — Астра» боздошт гардид. Дар дохили автомашина як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва ду шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон буданд. Ҳангоми аз назаргузаронии автомашина аз дохили он 16 бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон маводи растании дорои бӯи махсус буд, дарёфт ва мусодира гардид. Мувофиқи хулосаи озмоишию ташхиси судии раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд маводи мусодирашуда моддаи нашъаовари навъи ҳашиш буда, вазни он 22 килограммро ташкил дод. Оид ба ин қазия тибқи моддаҳои 32, 200, 289-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






