ФАРХОР БОЗОРҲОРО БО САБЗАВОТИ БАРВАҚТӢ ТАЪМИН МЕНАМОЯД
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, бунёди боғҳои содиротӣ, таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти дохилӣ аз ҷониби сокинони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Нигора» дар ҳамкорӣ бо созмони «Нури Хатлон» дар масоҳати 0,25 га 10 адад гармхона ташкил намуда, ба парвариши сабзавоти барвақтӣ машғуланд. Мавриди зикр аст, ки ин иқдом аз як ҷиҳат ба ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ боис гардад, аз ҷиҳати дигар ба ин васила 10 оила бо ҷойи кор таъмин гардид. Бояд тазаккур дод, ки ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии ҷавонони маҳаллӣ дар ҷамоати Дарқад як варзишгоҳ бунёд намуда, варзишгарони ҷамоатро бо либоси варзишӣ таъмин намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






