ФЕВРАЛ- МОҲИ КАБУДИЗОРКУНӢ

Февраль 11, 2011 09:17

    Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ КВД «Тоҷикниҳолпарвар» барои бунёди боғу токзори ҷумҳурӣ 2 млн. 260 ҳазор бех ниҳоли босамар, 1 млн. 260 ҳазор ниҳоли ток, 815 ҳазор ниҳоли ороишию сояафкан тайёр намудааст. Ҳамчунин дар хоҷагиҳои таъиноти илмӣ доштаи АИКТ 276 ҳазор ниҳоли мевадиҳанда, 33 ҳазор ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва 300 ҳазор бех қаламчаҳои ток, санҷид ва ситрусӣ парвариш намуда барои фурӯш омода кардаанд.   Боис ба ёдоварист, ки аз 13 –уми октябри соли 2009 то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 50 га боғ, аз ҳисоби хоҷагии ниҳолпарвари ноҳияи «Ҳамадонӣ» дар ноҳияи Дарвоз 20 га, аз ҳисоби хоҷагии ба номи «Турсунзода» -и ноҳияи Шаҳринав дар ноҳияи Бохтар 28 га ва аз ҳисоби КВДҶ «Тоҷикниҳолпарвар» дар ноҳияи Ванҷ 8 гектар боғ бунёд шудааст.   Айни замон масоҳати боғу токзори ҷумҳурӣ ба 13 ҳазору 448 га мерасад.

Февраль 11, 2011 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид