ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ-ТАКЯГОҲИ МУҲОҶИРОН

Февраль 3, 2011 15:42

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Вазъи иҷтимоию иқтисодии имрўзаи кишварро бе муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар айни ҳол муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷӣ омиле мебошад, ки ба вазъи таъмини зиндагии шумораи бештари оилаҳои Тоҷикистон таъсири калон мерасонад.
Ба ҳамин хотир чанде қабл Президенти ҷумҳурӣ, бо мақсади ташкили низоми ягонаи идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ барои таъсис додани Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон содир намуд.
Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати тадқиқоти проблемаҳои инкишофи иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Саидов сӯҳбат орост.
Мӯҳтарам Фирӯз Саидов, аз нигоҳи Шумо таъсиси сохтори алоҳида, яъне Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ бартарӣ дорад нисбат ба он ки дар тобеияти ВКД-и кишвар қарор дошт. Ҷоннок кардани кадом самтҳо дар кори ҳамин Хадамот афзалияти бештар дорад?
То имрӯз вазифаи ин сохтор ду тақсим буд: ҳам ба зиммаи шуғли аҳолӣ ва ҳам ба ӯҳдаи ВКД-и ҷумҳурӣ. Ташкили як сохтор, яъне Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кори оқилона аст, чунки ягон вазорату сохтору идораҳо ба мисли муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар маблағи калон ворид намекунанд. Мумкин аст дар оянда ин сохтор ба вазорат табдил дода шавад, зеро вазорат масъулияти зиёд дорад ва дар оянда метавонад ягон шӯъба ё донишкада кушояд то омӯзиши муҳоҷирати меҳнатиро аз ҷиҳати илмӣ асоснок кунад.
Хадамоти муҳоҷират ба ғайр аз дастгоҳи марказӣ бояд шӯъбаҳои ҳудудӣ дошта бошад. Бо назардошти тақсимоти маъмурӣ- ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоятҳо бояд шӯъбаҳои Хадамоти муҳоҷират таъсис ёбад. Хадамоти мазкур бояд на танҳо масъалаҳои муҳоҷирати берунӣ, балки дохилиро низ баррасӣ намояд, зеро дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ бисёр мешаванд ва мардум маҷбур мешаванд, ки аз як минтақа ба минтақаи дигар кӯч банданд. Онҳо то давраи ҷобаҷошавӣ муҳоҷир мебошанд ва бояд ин сохтор дар самти муҳоҷирати дохилӣ корҳои зиёдро ба сомон расонад.
Ғайр аз дар назди сафоратхонаҳо ва дар шаҳрҳои калони Федератсияи Русия бояд намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шаванд, то ки ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Русия ҳимоя шаванд, чунки аз ин кишвар ҳар сол чандсад ҷасади муҳоҷиронро меоранд. Барои ҳамин бояд Хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои калонтарини Русия, ки шумораи муҳоҷирон дар ин ҷойҳо зиёд аст, намояндагии худро кушода ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷиронро таъмин намояд.
Бо ақидаи ман бояд дар Хадамоти муҳоҷират марказҳои, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, оид ба корҳои муҳоҷирон, оид ба корҳои ҳамватанон, таҳлилӣ, муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ ва тайёр намудани кадрҳо фаъолият намоянд.
Хадамоти муҳоҷират дар баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ, маълумотнокӣ, касбомӯзӣ ва гирифтани ихтисоси муҳоҷирони меҳнатӣ ёрии амалии худро бояд расонад. Чунки 60 фоизи муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Русия мераванд, ихтисос доранд, вале ихтисоси онҳо ба талаботи бозори меҳнати ин кишвар ҷавобгӯй нест. Мисоли равшан, муаллим аз Тоҷикистон ба Русия меравад, дар бозор ва ё ягон ҷойи дигари ин кишвар кор мекунад. Барои ҳамин барои тайёр кардани ихтисосҳое, ки ба талаботи бозори меҳнати ФР ва дигар кишварҳо ҷавобгӯ бошанд, бояд курсҳои кӯтоҳмудати омӯзишӣ ташкил шаванд.
Вазифаи аввалиндараҷаи Хадамоти мухоҷират бояд ҳифзи
ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаҳои онҳо, бастани шартномаҳо бо кордиҳандагони дигар давлатҳо дар бораи бастани шартномаҳо барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи шартномаи мазкур, ҳифзи иҷтимоӣ, муайян намудани шумораи аниқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ФР ва дигар давлатҳо бошад.
Намояндагони Хадамоти муҳоҷират бояд ба дигар кишварҳо рафта бо корхонаҳои калоне, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, шартномаҳои ҳуқуқӣ банданд ва баъд ба он ҷойҳо муҳоҷирони меҳнатиро фиристанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ қариб 33 фоизи қувваи кории мардонаи кишварамонро ташкил менамоянд ва онҳо имрӯз дар муҳоҷират мебошанд. Барои ҳамин ин сохтор пеши худ мақсад гузоштааст, ки онҳоро аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя намояд, барои он ки бисёрии онҳо дар муҳоҷират аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя намешаванд. Масалан, аз ҷиҳати нафақа, хизматрасонии соҳаи тиб ва ғайра. Вақте ки синну соли муҳоҷири меҳнатӣ ба давраи нафaқа мерасаду ба Тоҷикистон бармегардад, нафақа гирифта наметавонад ё танҳо нафaқаи иҷтимоӣ мегирад, ки он 60 сомониро ташкил медиҳад. Барои ҳамин бояд дар оянда масъалаи нафaқаи онҳоро ҳал кунем, чунки онҳо ба Тоҷикистон тавассути меҳнати худ маблағи зиёд ворид мекунанд, вале ҳуқуқҳои онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя намешаванд.
Хадамоти муҳоҷират вазифадор аст на танҳо масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин истифодаи самараноки маблағҳои ворид намудаи муҳоҷиронро низ баррасӣ намояд. Муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз бӯҳрони молию иқтисодии ҷаҳонӣ ба ҷумҳурӣ қариб 2,6 миллиард доллари амрикоӣ маблағ ворид мекарданд. Тайи солҳои охир воридоти маблағ каме коҳиш ёфт.
Дар робита ба ин Хадамоти муҳоҷират барои дар оянда дар кишвар ташкил намудан ва ё сохтани корхонаҳои хурд ё ягон намуди истеҳсолот бо маблағгузории муҳоҷирони меҳнатӣ бояд кӯмаки амалии худро расонад, зеро ба ҷумҳурӣ маблағи зиёд ворид мегардад ва қисми зиёдаш азнав ба берун баромада меравад.

Февраль 3, 2011 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст