МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОҒИ МИЛЛИИ «ВАҲДАТ»

Февраль 8, 2011 12:11

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҳашари ниҳолшинонӣ ва ободонӣ санаи 5 феврал дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 128 000 нафар сокинони вилоят иштирок намуда,  155,5 гектар боғу токзорро бунёд, 67,5 гектар боғҳои кӯҳнаро барқарор намуда, 116 185 бех ниҳол  шинониданд. Аз ҷумла, ниҳолҳои зардолу, шафтолу, себ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ин маърака дар боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзида, ба боғдорон ҷиҳати парвариши  ниҳолҳо, дарахтони мевадиҳанда, бахусус навъҳои нодир дастуру маслиҳат дод ва пешниҳод намуд, ки   ҳамкориро бо олимони соҳа тақвият диҳанд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати васеъ намудани парвариши навъи себи «Ҳусни Юсуф» дар боғи миллии «Ваҳдат» боғдорони хоҷагии «Ругунд»-и ноҳияи Истаравшан дар майдони 1 гектар беш аз 300 бех ниҳолҳои ин навъи себи нодирро шинониданд.        Зикр бояд кард, ки боғи миллии «Ваҳдат» бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон обод гардида, дар он чойхонаи миллии боҳашамат қомат афрохтааст ва он дорои 630 гектар майдони боғзор мебошад.

Февраль 8, 2011 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст