«МАЪРИФАТИ ИСЛОМ» ЧАРО ИХТИСОР ГАРДИД?

Февраль 7, 2011 11:58

 Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Минбаъд толибилмони тоҷик ба ҷои фанни «Маърифати ислом» дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ «Таърихи халқи тоҷик» — ро меомӯзанд. «Маърифати ислом», ки аз соли 2009 инҷониб дар доираи таҷлили 1310-солагии зодрӯзи  асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам дар барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар ба роҳ монда шуда буд, ахиран тибқи қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз барномаи таълимӣ ихтисор гардид.         Ноилшо Нуралиев, котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи ин масъала ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки фанни «Маърифати ислом» ҳафтае як маротиба ба толибилмони  синфҳои 8-и мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар омӯзонида мешуд.

Февраль 7, 2011 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст