МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАНБЕҲ ГИРИФТ
Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 14 феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба муовини соҳавии худ Санавбар Раҳимова танбеҳ эълон намуд. Суст ва нокифоя ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ дар мавриди сафарбар намудан барои иштирок дар маъракаи 900 рӯзи ободонӣ яке аз сабабҳои танбеҳ гирифтани муовини Раиси шаҳр аст. Аз ин рӯ, М. Убайдуллоев ба С. Раҳимова ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар мавриди ташкили корҳои густурдаи таблиғотӣ ва сафарбарии иқтидори ҷамоатчигӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо барои иштирок дар маъракаи 900 рӯзи ободонӣ мӯҳлат дод. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов, дар ҷаласа ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида матраҳ гардид. Инчунин, фаъолияти навбатдории шабонарӯзии шаҳрдорӣ ва телефонҳои боварӣ (221-26-95, 223-22-14) оид ба қабули муроҷиати сокинон нисбат ба хизматрасониҳои коммуналӣ аз тарафи сохторҳои муҳандисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати самаранокии кори навбатдорон, ки шабона зери роҳбарии муовинони масъули Раиси шаҳр ва мудирони шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳр ба таври доимӣ сурат мегирад, баррасӣ гардида, дастурҳои мушаххас ироа шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






