ПЕШНИҲОДИ НИЗОМИ НАВИ КӮМАКҲОИ ИҶТИМОӢ

Февраль 16, 2011 13:40

    Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Аз 1 январи соли 2011 то 31 декабри соли 2012 оид ба ҷорӣ намудани низоми кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таҷриба гузаронида мешавад.     Тарзи муайян намудани оилаҳои камбизоат, ки ҳуқуқи гирифтани кўмаки унвонии иҷтимоиро доранд, аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудааст.   Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    Айни ҳол, дар ин ноҳияҳои пилотӣ аз тарафи кормандони омўзонидашуда бо оилаҳои камбизоат кор бурда мешавад.   Инчунин, аз рўи ҳисоботи пешниҳодгардидаи Комиссияи Аврупоӣ оид ба лоиҳаи «Мусоидати техникӣ бо Барномаи дастгирии сиёсати секторалӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» ва оид ба пардохти иҷтимоию имтиёзҳо буклетҳо, навиштаҷот, видеороликҳо, барномаҳо дар радио ва мақолаҳо дар маҷаллаҳои ноҳиявӣ паҳн гардидаанд.   Дар миқёси ҷумҳурӣ гурўҳҳои корӣ таъсис ёфта, дар ҷамоатҳо аз тарафи мутахассисони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ семинарҳои омўзишӣ гузаронида шудаанд. 

Февраль 16, 2011 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад