РАИСИИ ГУЛ ШЕРАЛӢ ВА РАҶА ПАРВИЗ

Февраль 7, 2011 11:31

 Душанбе, 7 феврал. (АМИТ  «Ховар», Марзия Саидова). — «Дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ масъалаҳои гуногуни тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду кишвар баррасӣ мегарданд», — гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар. Дипломати покистонӣ афзуд, ки ҷаласаи Комиссияи муштараки иқтисодию тиҷоратӣ аз 9 то 12 феврали соли 2011 дар Душанбе баргузор мегардад. Ҷаласаро аз ҷониби Тоҷикистон Гул Шералӣ- вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Покистон Раҷа Парвиз Ашраф —  вазири об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон раисӣ менамоянд.  Интизор меравад, ки дар ҷаласа маҷмӯи масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар бахши саноат, энергетика, туризм, маориф ва фарҳанг баррасӣ мегарданд.

Февраль 7, 2011 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид