СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ Э.РАҲМОН БА РАИСОНИ НТМ

Февраль 11, 2011 13:08

    Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз раисони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Ёвон ва Файзобод ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ ҳисобот доданд.   Сарвари давлат ҳисоботи онҳоро доир ба рафти киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои наву барқарорсозии боғҳои кўҳна, вусъати корҳои ободонӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ шунида, доир ба баланд бардоштании самаранокии корҳо супоришҳои мушаххас дод.    Таъкид гардид, ки барои кишти саривақтии ғалладонагиҳо аз ҳар рўзи ҳавои мусоид ва имконоти мавҷуда босамар истифода баранд.Дастур дода шуд, ки ҳар як ваҷаб замини корам мавриди истифодаи пурсамар қарор бигирад ва аз заминҳои обӣ тавассути кишти такрорӣ ду ва зиёда ҳосил рўёнда шавад.   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар бояд бештар аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзии ватанӣ таъмин гардад, то ки таъсири манфии омилҳои берунӣ коҳиш ёбад.

Февраль 11, 2011 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст