СОМОНАИ ИНТЕРНЕТИИ НАМОЯНДАГИИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛМОН ИФТИТОҲ ШУД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Намояндании тиҷоратии Ҷумҷурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон сомонаи интернетии худро бо суроғаи www.tajikinvest.tj ифтитоҳ кард, ки барои соҳибкорону тоҷирони ватанию олмонӣ муфид аст. Дар сомонаи интернетӣ хабару маводҳо бо ду забон дода шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ "Ховар" аз намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон иттилоъ доданд. Ҳамзамон, дар сомонаи интернетӣ маълумот доир ба лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва шарҳу тавзеҷот роҷеъ ба низоми Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд оварда шудааст. Барои рушди минбаъдаи тиҷорат дар бозори Олмон, ба соҳибкорони ватанӣ имкон фароҳам оварда шудааст, ки ба таври муфассал бо замина ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Олмон, бахши иқтисодӣ, танзими молҳои воридотӣ ба ин кишвар шинос шуда, ҷиҳати дастрасии иттилоот аз сомонаҳои интернетии ин мамлакат баҳравар гарданд. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар Олмон беш аз 140 намоишгоҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои мухталиф гузаронида мешавад, ки ин намоишгоҳо шароити мусоидро барои густаришити ҳамкориҳои байни соҳибкорони ватани ва хориҷи барои рушди иқтисодиёти дохили фароҳам месозанд. Дар бахши Намоишгоҳои байналмилалӣ муштариёни сомона маълумоти заруриро доир ба шартхои иштирок дар ярмаркаю намоишгоххоро ба даст меоранд. Роҷеъ ба масъалаҳои мароқовар ба муштариёни сомонаи интернетӣ истифодаи машварати онлайнӣ пешниҳод карда мешавад. Ифтитоҳи сомонаи интернетӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон робитаҳои иқтисоди хориҷии худро бо соири кишварҳо, бахусус Олмон тақвият бахшад. Инчунин, дар фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо байни тоҷирону соҳибкорони тоҷику олмонӣ ва ҷалби сармояҳои олмонӣ ба иқтисодиёти кишвармон нақши муассир мегузорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






