СУРАҶКУНД-ФЕСТИВАЛИ БОЗГӮКУНАНДАИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати иштирокчиёни Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумии Сураҷкунд (Surajkund Crafts Mela), ки аз 1 то 15 феврали соли равон дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, вохӯрӣ доир шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Чаманоро» Фирӯза Аюбҷонова хабар дод, онҳо аз ин сафари худ хеле қаноатманданд. «Фестивали мазкур дар Ҳиндустон ҳамасола гузаронида мешавад. Мо, яъне ҳунармандони ансамбли рақсии «Чаманоро», ансамбли эстрадии «Садои Суғд» ва ҳофизаи ҷавон Нозияи Кароматулло бори аввал дар ин фестивал ширкат варзидем. Дар ин фестивал намояндагони зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон-Тайван, Лаос, Яман, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо ҳунарҳои мардумии хешро намоиш доданд. Мо дар бисёр шаҳрҳои Ҳиндустон баромад намудем. Бояд гӯям, ки ҳунарнамоии карнайнавозон ва доирадастони мо ба онҳо ниҳоят писанд афтод», -изҳор намуд Фирӯза Аюбҷонова. Ҳунармандон барои иштирок дар ин фестивали бонуфуз аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ниҳоят миннатдоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






