ТАҒЙИРОТ БА 5 ҚОНУНИ КИШВАР

Февраль 2, 2011 15:14

             Душанбе, 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба 5 лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 2 феврал дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, тағйирот ворид карда шуд. Ин қонунҳо «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ», «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи  имзои электронии рақамӣ» ва «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»  мебошанд.           Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон,  Бахтиёр Худоёров вазири адлияи ҷумҳурӣ  ва вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат Сафаралӣ Раҷабов, Шарофиддин Сироҷов, Амирбек Маҳмадалиев, Нодира Турдиматова ва Бадриддин Садриддинов роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда ибрози назар карданд.          Зикр шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба қонунҳои мазкур мутобиқ намудани онҳо ба тартиби нави бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи принсипи «равзанаи ягона» аст, ки  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муқаррар намудааст.

Февраль 2, 2011 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад