ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТАКМИЛ ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲО
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз тарафи мутахассисони шӯъбаи илм ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷрои Қарори раиси вилоят аз 1 марти соли 2004 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои ҳукумати вилоят доир ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 — 2014» дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров санҷида шуд. Дар рафти санҷиш фаъолияти кафедраҳои забони англисӣ ва забонҳо аз назар гузаронида шуд. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур дар Коллеҷ нақша — чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар асоси он аз ҷониби кафедраҳои забони англисӣ ва забонҳо низ нақша — чорабиниҳо мураттаб шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров аз рӯи ихтисосҳои забони русӣ ва англисӣ барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят мутахассисон тайёр мешаванд. Дар назди кафедраҳои мазкур доир ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ утоқҳои фаннӣ амал мекунанд, ки онҳо бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Аз ҷониби устодон доир ба забони русӣ ва англисӣ овезаҳо, ки онҳо ҷавобгӯи талаботи имрӯза мебошанд, ҷой дода шуда донишҷӯён аз онҳо истифода мебаранд. Утоқи инкишофи нутқ бо телевизор, аудиомагнитофон ва аудиокассетаҳо, дискҳои таълимии компютерӣ ҷиҳозонида шудааст. Аз ҷониби раёсати коллеҷ ва кафедраҳои мазкур барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ маҳфилҳои фаннии «Живое слово» ва «Забони англисӣ» ташкил шудаанд, ки дар он донишҷӯён иштирок намуда, савияи дониши худро баланд мебардоранд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки санҷиш нишон дод, рафти иҷрои Қарори раиси вилоят дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои ҳукумати вилоят доир ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 — 2014» дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров дуруст ба роҳ монда шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






