ТОҶИКИСТОН ДОРОИ ГАЗИ ХУДӢ МЕШАВАД?
Шаҳринав, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Дар кони гази Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав, ки захираи гази он метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро 50 сол бо гази худӣ таъмин намояд, корҳои пармакунӣ бо маром идома доранд. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,то имрӯз беш аз 600 метр ҷуқурӣ парма шудааст. Дар ин сохтмони бузург мутахассисон аз Федератсия Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсамар меҳнат менамоянд.