ВИЛОЯТИ СУҒД БО МАВҶҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАД
Суғд, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзоалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ). — Имрӯзҳо ҳудуди ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳои вилояти Суғдро мавҷҳои радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои давлатӣ фаро гирифтаанд. Корҳои васлу насби таҷҳизоти интиқоли мавҷҳои радиотелевизионӣ ва нав кардани дастгоҳҳо дар шароити мураккаби релефи мавзеъҳои аҳолинишини аксар минтақаҳои кӯҳӣ анҷом дода мешаванд. Насби таҷҳизоти сохти навтарини паҳнкунандаи мавҷҳо дар шаҳру ноҳияҳои кӯҳии Панҷакент, Исфара, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ амалӣ мегарданд. Дар маркази ноҳияи Ашт- шаҳраки Шайдон баъди васлу насби таҷҳизоти интиқоли мавҷҳои радиотелевизионӣ фоизи фарогирии мавҷҳо афзоиш ёфта, сифати пахши барномаҳо беҳтар гардиданд. Алҳол дар ҳудуди вилояти Суғд барои пахши шабакаи давлатии телевизиони "Сафина" — 56 адад, "Баҳористон"-17 ва "Ҷаҳоннамо" — 27 адад чунин таҷҳизот фаъолият менамоянд, ки фарогирии барномаҳои телевизиониро 70-75 фоиз таъмин менамоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






