ЗУҲУРОВ ДАР АБУДАБӢ АЪЗОИ ШИПДАСКИ ГАРДИД
Душанбе, 7 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Шӯрои Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ /ШИПДАСКИ/ интихоб гардид. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамзамон дар иҷлосияи 13-уми Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, ки дар Абудабӣ /Амороти Муттаҳидаи Араб/ баргузор шуд, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мирганд Шабозов узви Шӯро оид ба корҳои ташкилии ИПДАСКИ интихоб шуд. Дар иҷлосия ва ҷаласаҳои кумитаи ИПДАСКИ тақвияти ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои афзалиятноки кишварҳои узви Иттиҳоди парлумонии Созмони конфронси исломӣ баррасӣ гардид. Иштирокчиёни иҷлосияи 13-уми Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ мавқеи Тоҷикистонро дар амнияти минтақа, хусусан суботи Афғонистон муҳим арзёбӣ намуданд.