ҲОЛАТИ ИСТИФОДАБАРИИ ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

Март 10, 2011 11:38

Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Масъалаи   ҳолати истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятии замонавии бисёрошёна барои ғолибони озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид.   Ҷойҳои ҷамъиятии мазкур дар  асоси қарорҳои Раиси шаҳр аз ҳисоби буҷет сохта шуда, барои хизматрасонӣ ва рушди маҳалла ба  сокинони маҳаллаи беҳтарин тӯҳфа мегардад. Зикр шуд, ки барои ба низом овардани фаъолияти минбаъдаи онҳо сохтори дахлдори давлатӣ таъсис   шавад. Бо ин мақсад ба масъулин супориш дода шуд, ки дар зарфи ду ҳафта пешниҳоди худро  ироа созанд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов дар ҷаласа ҳамзамон, масъалаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба ободонию ниҳолшинонӣ ва ҷалби потенсиали ҷамоатчигӣ дар маъракаи мазкур, азхудкунии маблағҳои буҷетӣ дар сохтмони иншооти гуногунтаъиноти шаҳрӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги ҷашнӣ, демонтажсозии бозори «Баракат» баррасӣ гардида, дар ин самт ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Март 10, 2011 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид