ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «ТАРБИЯИ ФАРҲАНГИ АНДОЗСУПОРИИ НАСЛИ НАВРАС»
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тарбияи фарҳанги андозсупории насли наврас» ҷамъбаст гардид. Даври ниҳоии озмуни мазкурро Н.Давлатов раиси Кумитаи андоз ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки саривақт ва босифат пардохт намудани андозҳо ва пардохтҳо, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, аз дарки масъулият ва маданияти андозсупорандагон ва шаҳрвандон вобастагии калон дошта, бе ташкили дурусти раванди омӯзиши наслҳои оянда ноил гардидан ба ин мақсадҳо ғайри имкон аст. Мавсуф қайд намуд, ки «вазифаи мақомоти андоз на танҳо ҷамъоварии пурра ва саривақтии андоз, балки пешгирӣ намудани қонуншиканӣ ва саркашӣ аз андозсупорӣ, пешбурди корҳои доимии фаҳмондадиҳӣ ва барои андозсупорандагон ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ мебошад». Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид намуданд, ки низоми кори мақомоти андоз дар ин самт ба дигаргунсозӣ ниёз дорад. Аз ин лиҳоз Вазорати маориф, Академияи илмҳои педагогӣ, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти дахлдор дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаҳои молия ва андоз ҷиҳати ба шогирдони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ омӯзонидани фарҳанги андозсупорӣ тадбирхои амалӣ андешида истодаанд. Мавриди зикр аст, ки пардохти андоз на танҳо амали ба буҷети давлат ворид намудани маблағҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ, балки бо мақсади пойдории давлат ва рушди он, таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад. Дар робита ба ин, кормандони Кумитаи андоз пайваста бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, доир ба масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта нишондодҳои дастурӣ ва методӣ, инчунин мавод, китобча ва овезаҳо таҳия намуда, дар васоити ахбори омма оид ба ин масъалаҳо ахбори машваратӣ ва тавзеҳотӣ нашр ва пахш кардаанд қайд кард Н. Давлатов. Озмуне, ки имрӯз даври ниҳоии он дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, як қисматест аз корҳои тарғиботиву ташвиқотии фарҳанги андозсупорӣ барои насли наврас . Мавриди зикр аст, ки дар давоми нимсолаи дуввуми соли сипаришуда ва ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ гузаронида, ғолибон муайян карда шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки озмун аз рӯи се номгӯй гузаронида мешавад: — расми беҳтарин; — иншои беҳтарин; — шеър ё шиори беҳтарин. Лозим ба таъкид аст, ки чунин озмун дар шаҳру ноҳия ва ҷумҳурӣ бори нахуст доир гашта истодааст. Имрӯз ба даври хотимавии озмун он иштирокчиёне даъват карда шуданд, ки аз рӯи номгӯи худ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ соҳиби ҷойи аввал шудаанд. Ғолибоне, ки ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд барои расми беҳтарин ҷои якум Ҷаъфари Мирҷамол (Вилояти Суғд), иншои беҳтарин ҷои якум Қонуни Сайфиддин (ВМКБ), шеър ё шиори беҳтарин ҷои якум Сафаралӣ Наимов (Вилояти Хатлон) бо ифтихорномаҳои Кумитаи андоз ва ноутбук ба ҷойҳои дуюм телевизори плазмавии дискдор, ҷойҳои сеюм дастгоҳи рақамии суратгирӣ ва инчунин ифтихорномаҳои Кумитаи андоз қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин ба дигар иштирокчиёни озмун низ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома ҳамчун иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявӣ супорида шуд.