ҶАРОҲАТИ ВАЗНИН АЗ САБАБИ МУНОҚИША
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Муноқишаҳои оилавӣ оқибат ба нохушиҳои ҳаёт оварда мерасонанд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 10 марти соли ҷорӣ истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд Бурҳон Исломов, соли таваллудаш 1955, тахминан соати 21:00 дар ҳавлии истиқоматиаш бо ҳамсараш Саёҳат Исломова муноқиша менамояд. Зимни муноқиша номбурда бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синаи ҳамсари худ мезанад. Дар натиҷа С. Исломова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба беморхонаи марказии ноҳия бурда мешавад. Кормандони мақомоти дахлдори ноҳияи Исфара Бурҳон Исломовро боздошт намуда, оид ба амали содирнамудаи ӯ чора мебинанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






