6 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРАКИ ФАЙЗОБОД

Март 7, 2011 15:51

 Файзобод, 7 март. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатова). – Тавре  ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  раиси  ҷамоати  шаҳраки  Файзобод  Мансур  Раҳимов  иттилоъ  дод,   бахшида ба  ҷашни  байналмилалии  Наврӯзи  Аҷам, 20 – солагии  Истиқлолияти  кишвар  ва  80 —  солагии ноҳияи  Файзобод  дар  маркази   ноҳияи мазкур 6   иншооти  ҷашнӣ  ба  истифода  дода  мешавад.  Мансур  Раҳимов  қайд  кард, ки  бинои  навсохти  хуштарҳу  замонавии  шӯъбаи  сабти асноди  шаҳрвандӣ  ва  осорхонаи  ноҳия  бо  дастгирии  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳия  сохта  мешаванд.            Аз  ҷониби  соҳибкори  ноҳия Шамсиддин  Абдураҳимов   дорухона ва  як  маркази  савдо бо  номи  «Сорбон»,  аз  ҷониби  соҳибкор  Раҷабалӣ  Абдурозиқов  маркази  савдои  «Сабина»  ва  аз  ҷониби  соҳибкор  Наврӯз  Холиқов   чойхонаи  миллӣ  дар  маркази  боғи  истироҳатӣ  ба  истифода дода  мешаванд.

Март 7, 2011 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа