АРҶГУЗОРӢ БА ЗАН-МОДАР ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ

Март 7, 2011 17:07

   Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).  — Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди модарон-8-уми март ҷамъомади пуршукӯҳ доир гардид.   Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни баромади хеш дар мавриди нақши зан-модар дар ҷамъият ва оила сухан гуфта ба ҳозирин сиҳатмандии комил, хушбахтӣ ва хонаободӣ, ҳамчунин, барору комёбиҳоро дар фаъолияти ҳамарӯза ва корҳои минбаъдаашон таманно намуд.    Дар хотимаи ҷамъомад вазири молия ба директори маркази ҳифзи чизҳои қиматбаҳои назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ З. Давлатова Ифтихорномаи Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ-ро  супорид.    Тибқи фармони Президенти кишвар аз 6 марти соли 2009-ум дар Тоҷикистон ҳамасола 8-уми март чун рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад.             Дар фармон омадааст, ки табдили ном намудани ин ҷашн «бо мақсади арҷ гузоштан ба зан-модар, бахшандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари ҷавонон ба роҳи рост ва такягоҳи оила» сурат гирифтааст.

Март 7, 2011 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд