БАРРАСИИ МАСОИЛИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

Март 9, 2011 17:02

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Дар шаҳри Маскави ФР 2-3 марти соли ҷорӣ ҷаласаи гурӯҳи кории «Ҳамкорӣ дар соҳаи ёрии тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ» баргузор гардид, ки дар он протоколи ҷаласаи Комиссияи намояндаи доимии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия аз 25 январи соли 2011 муҳокима гардид. Дар он намояндагони мақомоти муҳоҷират ва тандурустии  кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия иштирок карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва муносибатҳои байналхалқии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Зумрад Солиева ва сардори Раёсати ташкили хизматҳои тиббии Вазорати тандурустии ҶТ Октам Бобохоҷаев муаррифӣ намуданд. Коршиносон дар ҷаласа лоиҳаи Созишнома дар бораи эътирофи дуҷонибаи хулосаи тиббии вазъи саломатии муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои ЕврАзияро, ки бо назардошти фикру ақидаҳои коршиносон омода шудааст, ҷонибдорӣ намуданд.         Инчунин, пешниҳод гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии ФР дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисоди ин кишвар   лоиҳаи Созишномаи мазкурро омӯхта, пешниҳод ва хулосаи худро то 1 апрели соли ҷорӣ якҷоя бо хулосаи баррасии масъалаи мазкур дар ҷаласаи даҳуми Шӯрои тандурустӣ ба котиботи Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия пешниҳод намоянд.

Март 9, 2011 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд