БОНУИ ТОҶИК ХОҲӢ- АҲДНОМА БУБАНД
Душанбе, 11 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Беш аз 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 март дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дуюм, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид. Инҳо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастдароварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияи корфармоён», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ», «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ», «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» буданд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Муним Холиқов, Матлубхон Давлатов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Нуриддин Саидов зимни шарҳи масъалаҳои мазкур иброз доштанд, ки ҳадафи асосии қонунҳо такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани онҳо ба санаду меъёрҳои ҳуқуқии кишвар, рушди иқтисодиёти миллӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва волоияти қонун дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон издивоҷ мекунанд, бояд на кам аз 1 сол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, ҳатман аҳдномаи никоҳ банданд ва ҳамсару фарзандони худро бо манзили шахсӣ таъмин созанд. Ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки занону духтарони тоҷик дар мавриди барпо намудани оила бо шаҳрвандони хориҷӣ фирефтаи макру ҳилла нагардида, ҳуқуқу озодиҳои худро ҳимоя намоянд. Бояд тазаккур дод, ки қонунҳои мазкур қаблан аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул гардида буданд. Қонунҳои аз ҷониби палатаи болоии парлумон ҷонибдоришуда, баъд аз имзои Президенти мамлакат дар ҷомеа ба ҳукми қонун медароянд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






