БОЗОРИ «САХОВАТ»-И КӮЛОБ ТАЪМИР МЕШАВАД
Кӯлоб, 7 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бахшида ба ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини бозори марказии «Саховат» — и шаҳри Кӯлоб баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ба корҳои сохтмонӣ оғоз карданд, гуфт директори бозори марказӣ Алихон Шарифов ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар дӯконҳои фурӯши гӯшт, маҳсулоти қаннодӣ, фурӯши меваю сабзавот ва дигар дӯконҳои дохилии бозор идома ёфта сохтмони он то моҳи майи соли ҷорӣ ба итмом мерасад. Қобили зикр аст, ки бозори марказии ноҳия дорои 1520 ҷойи фурӯш мебошад. Масъулини бозор тасмим гирифтаанд дар арафаи иди Модарон 8 – уми март ва иди Наврӯзи Аҷам маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, аз қабили гӯшт, биринҷ, картошка, пиёз, мева ва дигар навъҳои сабзавотро ба ярмарка бароварда бо нархи арзон пешкаши мизоҷон гардонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






