ДАР ФАРХОР БА СОҲАИ ИҶТИМОӢ ТАВАҶҶӮҲ ЗИЁД АСТ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Раиси ноҳияи Фархор Қ.Каримов зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки давоми моҳҳои январ – ноябри соли 2010 миқдори коргарони ноҳия ба ҳисоби миёна ба 45,1 ҳазор нафар расид, ки ин ба ҳамин давраи соли 2009 баробар мебошад. Фонди музди кори кормандон дар моҳҳои январ — ноябри соли 2010 19581,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин аз ҳамин давраи соли гузашта 4521,9 ҳазор сомонӣ ё 30 фоиз зиёд мебошад. Музди миёнаи кории кормандон дар моҳи ноябри соли 2010 169,16 сомониро ташкил дод, ки он назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,1 фоиз зиёд мебошад. Аз аввали сол ин нишондод ба 141,83 сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 32,9 сомонӣ ё 30,2 фоиз зиёдтар аст. Тибқи иттилои шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия то 1-январи соли 2011 дар ноҳия 11500 нафар нафақахӯр зиндагӣ менамоянд, ки нафақапулии онҳо дар як моҳ 1328,9 ҳазор сомониро ташкил намуд. Дар охири сӯҳбат раиси ноҳия Қ.Каримов афзуд, ки соҳаи иҷтимоӣ аз соҳаҳои муҳими хоҷагидорӣ дар ноҳия ба шумор меравад. Аз сӯҳбат бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маълум гардид, ки раиси ноҳия Қ.Каримов бо нафақахӯрон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, сарварони бригадаҳо, деҳқонони ботаҷриба воҳӯриҳо гузаронида, аз зисту зиндагии мардум бохабар мешавад, мекӯшад қадре ҳам бошад рӯзгори мардумро сабуктар гардонад ва ба дарди дили мардуми меҳнаткаш пайваста гӯш медиҳад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






