ДАР ВОСЕЪ БА ДЕҲҚОНОН ШАҲОДАТНОМАИ ЗАМИН МЕДИҲАНД
Кӯлоб, 9 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо ворид гардидани ислоҳот дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ва дар ин замина таҷдиди хоҷагиҳои ҷамоавӣ ба хоҷагиҳои хурди деҳқонию инфиродӣ теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маротиб афзуд. Вале шаҳрвандон ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи замин бо мушкилии зиёд мувоҷеҳ мегарданд. Бо мақсади ҳалли ин масъала ҳукумати ноҳияи Восеъ тадбирҳои судманд андешида ба ин кор ташкилотҳои байналмилалиро низ ҷалб намуд. Дар ҷамоати деҳоти «Пахтаобод» бори нахуст зиёда аз якуним ҳазор хоҷагидор соҳиби шаҳодатномаи замин гардид. Новобаста ба соҳиб гардидани деҳқон ба замин надоштани шаҳодатномаи расмии истифодабарӣ дар фаъолияти онҳо мушкилӣ ба бор оварда, кишоварзон худро соҳиби аслии замин намеҳисобиданд ва ҳатто дар саҳмҳои хеш чун иҷоракор заҳмат кашида фақат аз чор як ҳиссаи фоидаи ба дастомада насибашон мегардид. Бо супориши ҳукумати маҳаллӣ Кумитаи заминсозии ноҳия дар ҷамоати деҳоти мазкур дар баробари ба деҳқонон дастрас гардонидани шаҳодатномаҳо ба ҳар як шаҳрванд саҳми замин ва мавзеи ҷойгиршавии онро низ муайян намуд. Инчунин, ҳукумати маҳаллӣ барои дастгирии моддии деҳқонон ташкилоти байналхалқиро ҷалб намуд, ки пардохти маблағи ҳуҷатгузориҳоро зимни гирифтани шаҳодатномаҳои замин ин ташкилот пурра ба ӯҳда гирифтааст. Ба гуфти масъулин татбиқи ин таҷриба дар дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ идома меёбад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






