ЭҲЁИ ДРУЖИНАИ ХАЛҚӢ ДАР СУҒД

Март 7, 2011 16:01

Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон,   риояи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва ҷиноят дружинаи ихтиёрии халқӣ таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз маркази матбуоти маъмурияти Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин бобат раиси шаҳр Содиқҷон Мирхолиқов қарори махсус ба тасвиб расонид ва Низомномаи дружинаи ихтиёрии халқиро тасдиқ намуд. Роҳбарии ситоди дружинаи халқиро собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, капитани мустаъфии милиса Набиҷон Гулматов ба ӯҳда дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ситоди дружинаи халқӣ  дар маркази шаҳр утоқҳои махсуси корӣ ва таҷҳизоти зарурӣ ҷудо намуд. Алҳол дружинаи халқӣ аз ҷумлаи кормандони 14 корхонаю муассиса, 4 мактаби олӣ ва коллеҷи омӯзгорӣ мураттаб шудааст, ки теъдоди умумии ихтиёриён 1273 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо ҳамҷоя бо нозирони минтақавии милиса бегоҳирӯзиҳо дар 10 мавзеи шаҳр навбатдорӣ  ва тартиботи ҷамъиятиро назорат менамоянд. Вақтҳои наздик шумораи аъзои дружинаи халқӣ аз ҳисоби ихтиёриёни дигар корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, донишҷӯёну омӯзгорони макотиби олию миёнаи махсус, сокинони маҳаллаву қасабаҳо ба маротиб зиёд хоҳад шуд.

Март 7, 2011 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа