«ЭРОН-ЭЙР» 75 ТОННА БОР ОВАРД

Март 9, 2011 16:44

     Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — 75 тонна таҷҳизоти гуногун барои  сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» нимаи дуюми  9 март тавассути тайёраи боркаши марбут ба ширкати ҳавонавардии  «Эрон-Эйр» ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оварда шуд.      Саид Аскарӣ, масъули намояндаи ширкати эронии «Сангоб» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод:  борҳое, ки таваcсути роҳи ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон интиқол дода шуд,  аз таҷҳизоти трубина, тоблуҳои электронӣ ва қисмҳои назоратии НБО «Сангтӯда-2» иборат аст. Аскарӣ афзуд, ки бо сабаби баъзе мушкилоти объективӣ дар роҳҳои транзитӣ ва маҳдуд будани вақт ҷиҳати  анҷоми сохтмони ин иншооти дорои аҳамияти стратегидошта, ҷониби Эрон тасмим гирифтааст таҷҳизоти марбут ба НБО «Сангтӯда-2»-ро тавассути ҳавопаймоҳои бузурги боркаш ба Тоҷикистон биёрад. Ин маротибаи саввум аст, ки тайёраи боркаши эронӣ ба Душанбе таҷҳизоти НБО «Сангтӯда-2» меорад.             Мудири намояндагии ширкати  «Сангоб» иттилоъ дод, ки алҳол 85 % корҳои сохтмонӣ дар НБО «Сангтӯда-2»,  ки дар масофаи 120 километрии қисмати ҷанубу шарқии Душанбе  дар дарёи Вахш бунёд мегардад, аз ҷониби ширкати «Сангоб»-и Эрон ба анҷом расидаанд.

Март 9, 2011 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд