ЭЪТИРОФИ ТОҶИКИСТОН ЧУН КИШВАРИ САЙЁҲӢ

Март 16, 2011 17:35

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Аз 9 то 13-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Берлини Олмон 45-умин намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin- 2011» баргузор гардид. Намоишгоҳи мазкур  аз чорабиниҳои машҳури ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар кори он ҳамасола намояндагони саноати туристии зиёда аз 170 давлат ширкат меварзанд. Бояд қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар кори он зиёда аз 10 ташкилоти туристии Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» фаъолона иштирок намуда, захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии кишварро дар байни дӯстдорони сайру сайёҳат тарғибу ташвиқ намуданд. Стенди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари туристӣ» дар масоҳати 60 метри мураббаъ ташкил  шуда, аз ҷониби коршиносони байналмилалии мустақим яке аз лавҳаҳои ҷолибтарини мамлакатҳои Осиё баҳогузорӣ гардид. Ширкатҳои туристии кишвар бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили «Diamir», «Adventure Manufactory»-и Олмон, «TOPO Travel»-и Ҳолланд, «Bopp Trading»-и Швейтсария, «Karakorum Explorers»-и Покистон ва дигар шарикон мулоқоти судманд анҷом дода, барои қабули туристони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Мавриди зикр аст, ки ҳамчун рамзи эҳтиром нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи захираҳои бойи туристии кишвар стенди Тоҷикистонро Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ (СУТ) Толиб Рифоҳӣ ва президенти намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin» Раймунд Хош дидан карданд. Меҳмонони олирутба аз сатҳи ороиши стенд ва сифати маводи таблиғотии ширкатҳои туристии мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда, қайд намуданд, ки тибқи таҳлилҳо мавқеи Тоҷикистон дар бозори байналмилалии туристӣ сол то сол пурқувват мегардад. Илова бар ин, Т.Рифоҳӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар баробари захираҳои ғании гидроэнергетикӣ иқтидори калони туристӣ ҳам дорад ва СУТ барои истифодаи самарабахши он ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Зикр гардид, ки Меморандум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, ки моҳи декабри соли 2010 дар шаҳри Мадриди Испания байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СУТ ба имзо расид, заминаи мусоиди ҳуқуқиро барои ҷоннок намудани муносибатҳои дуҷонибаи дарозмуддати ҷонибҳо фароҳам меорад. Дар доираи ин намоишгоҳ, роҳбари ҳайати ҷумҳуриявӣ — муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Л.Файзуллоев дар якҷоягӣ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон И.Сатторов дар кори нахустин саммити вазирони туризми кишварҳои Шоҳроҳи Абрешим ширкат варзиданд. Ёдовар мешавем, ки ба харитаи мамлакатҳои Шоҳроҳи Абрешим 25 давлати ҷаҳон шомил гашта, дар байни онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки тавассути он дар гузашта 4 роҳи асосии шоҳроҳ аз манотиқи Бадахшон, Зарафшон, Хатлон ва водии Рашт гузаштааст, мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар доираи чорабинӣ Л.Файзуллоев баромад намуда, оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи беҳсозии фазои ҳуқуқӣ, аз ҷумла тартиби соддашудаи дастрас намудани раводиди Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз қайди мақомоти корҳои дохилӣ озод намудани туристони хориҷӣ дар кишвар, аз байн бурдани ҳар гуна талаботи молиявии экологӣ аз туристон маълумот дод. Ҳамзамон, қайд намуд, ки мутаассифона, аз ҷониби баъзе кишварҳои аъзои шабакаи Шоҳроҳи Абрешим тамоюли эҷод намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ барои рафтуомади бемайлони туристони хориҷӣ ва шаҳрвандони давлатҳои ҳамсоя ба назар мерасад. Таҳлилҳо собит месозанд, ки омили мазкур ҷараёни инкишофи туризми минтақавиро халалдор сохта, боиси коҳиш ёфтани гардиши туристони хориҷӣ  мегардад.  Гузориши намояндаи кишвар аз тарафи роҳбарияти Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ ва аҳли иштирокчиён дастгирии комил ёфта, омўзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар ҷодаи таъмини тартиби соддаи воридшавӣ ба кишвар ва фазои мусоиди будубош барои туристони хориҷӣ аз ҷониби баъзе кишварҳои монеасози аъзои Шоҳроҳи Абрешим муфид арзебӣ гардид.  Дигар лаҳзаи хотирмоне, ки дар доираи барномаи сафари намояндагони кишвар ба вуқўъ омад, ин дар озмуни байналмилалии беҳтарин маҳсулоти туристии экологии соли 2010 таҳти унвони «TO DO!» ғолиб омадани Ассотсиатсияи рушди туризми Зарафшони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ташкилоти байналмилалии экологии «TO DO!» тўли 16 соли фаъолияти хеш ба намояндагони 40 давлати ҷаҳон дар ҷодаи ҳавасмандсозии инкишофи туризми аз ҷиҳати экологӣ камзарар, ки бо назардошти истифодаи хизматрасонии ҷомеаи маҳаллӣ фаъолият менамоянд, озмун  гузаронида, аз байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахустин маротиба кишвари мо соҳиби ҷоизаи он гардид. Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни омодагӣ барои иштирок дар озмуни зикршуда, масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёхии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон саҳми арзанда гузоштанд. Инчунин, бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати Олмон масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Саҳми соҳаи туризм дар инкишофи муносибатҳои байналмилалӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд. Иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷараёнҳои созандагӣ ва фаъолияти пурсамари ҷониби Тоҷикистон дар инкишофи туризми байналмилалӣ маълумоти кофӣ гирифта, ба саволҳои сершумори худ оид ба ҳамгироии минтақавӣ ва нақшаҳои оянда дар пешбурди соҳаи туризми кишвар ҷавоби муфассал гирифтанд.  Конфронс аз ҷониби Донишгоҳи дипломатияи фарҳангии  Олмон барпо гашта дар   кори  он олимон ва дипломатони ҷавони 27 кишвари Аврупо ширкат варзиданд. Бояд тазаккур дод, ки донишгоҳи мазкур  аз машҳуртарин макотиби олии Иттиҳоди Аврупо маҳсуб ёфта, дар давраҳои мухталиф дар назди шунавандагони он чеҳраҳои шинохтаи парлумон ва ҳукуматдорони минтақаи Аврупо баромад намудаанд. Таҳлилҳо собит месозанд, ки ширкати намояндагони соҳаи туризми кишвар дар чорабиниҳои боло барои боз ҳам мустаҳкам намудани нуфуз ва баланд рафтани  эътибори Тоҷикистон ҳамчун минтақаи туристӣ аҳамияти муҳим дошта, ба зиёд гаштани шумораи туристони хориҷӣ аз минтақаҳои мухталифи ҷаҳон боис гашта истодааст.

Март 16, 2011 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад