ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ АЗ САНҶИШИ ИКАО МУВАФФАҚОНА ГУЗАШТ
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Ташкилоти байналмилалии авиатсионӣ-ИКАО аз 28 феврали соли ҷорӣ соҳаи ҳавопаймоии ҷумҳуриро мавриди санҷиш қарор дод. Нозирони ИКАО дар қатори дигар ташкилотҳои ҳавопаймоӣ фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо мавриди санҷиш қарор доданд. Фурудгоҳ, ки зерсохтори асосии соҳаи ҳавопаймоӣ ба ҳисоб меравад, мавриди санҷиши пурра қарор гирифт. Дар фурудгоҳ асосан омода будани таъмини амнияти мусофирон, бор ва бағоҷ, таъмини амнияти парвозҳо ва таъмини пурраи амнияти авиатсионӣ санҷида баҳо дода шуд. Роҳбари гурўҳи кории Ташкилоти байналмилалии ИКАО Карен Садоян иброз дошт, ки фурудгоҳи Душанбе мутобиқи дастур ва нишондоди Ташкилоти байналмилалӣ амал намуда, фаъолияти худро дуруст ба роҳ мондааст. Карен Садоян гуфт, ки фурудгоҳи Душанбе соли 2006 мавриди санҷиши нозирони ИКАО қарор гирифта бобати ислоҳи баъзе камбудиҳо дастур гирифта буд ва имрўз маълум гашт, ки фурудгоҳ назар ба солҳои пеш рушд карда, дар таъмини амнияти авиатсионӣ муваффақ шудааст. Надежда Маликова ва Галина Глисченко- нозирони соҳавии ИКАО оид ба фурудгоҳҳо, аэронавигатсия, таъмини хўрок ва маҷмааи таъмини сўзишворӣ баҳо дода таъкид намуданд, ки фаъолияти соҳаи ҳавопаймоиро дар маҷмўъ муваффақ шуморидан мумкин аст. Дар ҷаласае, ки дар Сарраёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт баргузор шуд, намояндагони хадамоти амниятии фурудгоҳҳои Душанбе, Кўлоб, Қурғонтеппа, ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Азия Эрвейс», хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иштирок намуданд. Маълумоти мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз котиби матбуоти Фурудгоҳи шаҳри Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев дастрас гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






