КОРХОНАИ ШИР ДАР ҚАЛЪАИ ДАШТ

Март 17, 2011 09:17

Файзобод, 17  март. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатова). –   Дар  арафаи  ҷашни  Наврӯз  дар  ҷамоати деҳоти  Қалъаи  Дашти  ноҳияи  Файзобод   корхонаи истеҳсоли шири  ҶДММ «Сӯҳробҷон»  ба  фаъолият  шурӯъ  намуд.  Тавре  роҳбари  корхонаи  мазкур  Рустам  Назриев  ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  иттилоъ  дод,  мақсади  асосии  коргоҳ   коркарди  шири  сокинони деҳаҳои гирду атроф мебошад.  Дар  ин  корхона  10  нафар   бо  кор таъмин  шудаанд.  Рустам  Назриев  афзуд, ки   ба  корхона  ҳар  рӯз  500 – 600  литр  шир  аз  ҷамоати деҳоти  Қалъаи  Дашт  ворид     мешавад.     Ҳар  рӯз  аз  шири  воридшуда ҷурғоту  маска ва  қаймоқу  дуғ  истеҳсол  намуда  ба  кормандони  нерӯгоҳи  Роғун  ва  аҳолии  ноҳия  пешкаш   менамоянд. Мушкилии асосии   кори  мо  нарасидани  барқи  доимӣ  мебошад. Агар  роҳбарон моро ҳамарӯза ба муддати  4  соат бо барқ таъмин  мекарданд, мо  метавонистем дар  як  рӯз  беш  аз 2  тонна  шир  қабул  ва коркард намуда 25  нафарро бо ҷои  кори  доимӣ  таъмин  намоем,  гуфт  роҳбари  корхона  Рустам  Назриев.

Март 17, 2011 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид