МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲО БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ АМОНАТБОНК»

Март 7, 2011 14:22

  Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар толори қасри варзишии «Тоҷикистон»-и пойтахт маросими кушодашавии бозиҳои футболи хурд байни тимҳои даҳ  бонки кишвар барои дарёфти «Ҷоми Амонатбонк»  доир гардид.     Мусобиқаи мазкур дар доираи баргузории чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба таҷлили  Иди байналмилаллии Наврӯз тибқи супориши Президенти ҶТ ва нақша чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ оид ба ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз  бо сарпарастӣ ва ибтикори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» гузаронида мешавад. Бозиҳо дар ду гурӯҳ ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе аз 5 то 19 марти соли равон доир  мешаванд.     Маросими кушодашавӣ дар вазъи тантанавӣ бо ширкати тимҳои иштирокчӣ, роҳбарияти бонкҳо ва муассисаҳои варзишӣ ва мухлисону ҳаводорони футбол бо шукӯҳ ва шаҳомоти идона сурат гирифт. Сухани ифтитоҳӣ ва табрикиро аз ҷониби Амонатбонк муовини раиси Раёсати Амонатбонк Абдуманнон Саидов кард. Ҳамзамон парчами бозиҳо аз тарафи капитанҳои тимҳо боло бардошта шуд.          Давраи аввали бозиҳо доир шуданд, ки натиҷаи онҳо ба тариқи зерин сурат гирифт: Амонатбонк-Тоҷиксодиротбонк                  3:2 Бонки милли Тоҷикистон –Бонки рушди Тоҷикистон    6:5                                                   Ориёнбонк-Тоҷпромбонк                               8:1

Март 7, 2011 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа