ОҒОЗИ МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҲИСОР
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Парасту Бозорова). – Имрӯз дар Маркази имкониятҳои ҷавонони ноҳияи Ҳисор бо мақсади омӯзонидани нозукиҳои соҳибкорӣ таҳти унвони «Асосҳои соҳибкорӣ ва рушди тиҷорат» нақша- семинари омӯзишӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар рафти ин семинар, ки дар кори он зиёда аз 80 нафар ҷавонон иштирок менамоянд, дар хусуси гирифтани қарзҳои хурд барои оғоз ва рушди соҳибкорӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд. Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур дар доираи лоиҳа ҷиҳати фароҳамоварии имкониятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои ҷавонони Тоҷикистон аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҲҶТ амалӣ мегардад. Семинари мазкур 5 рӯз идома меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






