ОҒОЗИ ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ
Кӯлоб, 7 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов).- Бо қарори раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев таҷлили Наврӯзи Аҷам дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия оғоз гардид. Лола Ғуломова- ҷонишини раиси ноҳия оид ба корҳои идеологӣ вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки айни ҳол дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Тугарак ин иди фархунда ҷашн гирифта шуд ва дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ширкат варзиданд. Зимни баргузории чорабинӣ мардони саховатпешаи ноҳия ба 3 нафар иштирокчии ҶБВ, 4 нафар беморони бистаригардида, 13 нафар мардуми камбизоат тӯҳфаҳои молӣ тақдим намуданд. Дар чорабинӣ либосҳои қадимаи ориёӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, инчунин, беш аз 5 навъи хӯроки миллӣ пешкаши шаҳрвандон гардид. Гуфта мешавад, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар 62 деҳаи ноҳия мегузаранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






