ОЗОДТАРИН МАТБУОТ ДАР МИҚЁСИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Март 10, 2011 11:00

    Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Матбуоти тоҷик дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ озодтарин матбуот аст»,  гуфт зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар остонаи иди матбуоти тоҷик, ки фардо 11 март таҷлил мегардад.      Мавсуф афзуд, ки бо вуҷуди баъзе камбудию норасоиҳо матбуоти тоҷик, ки ба ҳайси ҳокимияти чаҳорум дар ҷомеа пазируфта шудааст, рисолати худро иҷро менамояд. Матбуоти тоҷик дар зарфи 20 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардид, ки он аз рушди бемайлони гуногунандешӣ ва озодии баён дар кишвар башорат медиҳад. Хусусан, фаъолияти густурдаи нашрияҳои мустақил, аҳзоби сиёсӣ ва давлатӣ, ки дар қиёс бо фаъолияти  матбуоти кишварҳои Осиёи Марказӣ афзалияти бештар доранд, аз рушди равандҳои  эъмори ҷомеаи дунявию озод, ки дар асоси арзишҳои миллӣ тарҳрезӣ гардидааст,  шаҳодати гуфтаҳост. Зеро дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ матбуот озод набуда, дар зери дасти  ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ қарор дорад. Ба андешаи Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон матбуоти тоҷик дар баробари равандҳои густариши соҳаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша дар печутоб буда, фаъол ва пешрав аст. Аз ин ҷост, ки   соли равон матбуотчиёни кишвар иди  касбии худро дар сатҳи баланд дар яке аз марказҳои  фарҳангии пойтахт- Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таҷлил менамоянд. Дар ин  ҷо 11 март бо иштироки матбуотчиёни кишвар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, ба беҳтарин журналистони Тоҷикистон  ҷоизаҳо аз қабили ҷоизаи давлатии ба номи устод Лоҳутӣ, ба журналистони ҷавон бошад ҷоизаи ба номи устод Воҳид Асрорӣ, инчунин, унвонҳои Аълочии фарҳанги Тоҷикистон  ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон дода  мешавад.      Ҳамзамон, масъулини  марказҳои матбуоти вазорату идораҳои кишвар дар ин рӯз рӯзноманигоронро бо ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ менамоянд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ созмон дода шуда, дар назар аст, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, рӯзноманигоронро бо иди  касбиашон шодбош мегӯянд.

Март 10, 2011 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид