РОҲҲО БУНЁД МЕГАРДАНД
Хоруғ, 9 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар ВМКБ роҳи нақлиёти автомобилӣ ягона василаи кафолати равобити мардуми Бадахшон бо манотиқи гуногуну марказ ва боркашонӣ маҳсуб меёбад. Барои бунёду васеъ намудани ин роҳҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои азимро сомон дод. Бино ба гуфти раиси кумитаи иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Латиф Шоҳзодаев марҳилаи дуввуми роҳи автомобилгарди Шоҳон – Зиғар, ки масофааш 9,75 км буд, ба анҷом расид. Дар сохтмони роҳи мазкур 15,9 млн. доллар маблағ сарф гардид. Барои бунёди марҳилаи сеюми роҳи мазкур, ки дарозиаш 18,75 км мебошад, ба маблағи 20 млн. 290 ҳазор доллар корҳо оғоз гардидаанд. Инчунин, лоиҳаи бунёди роҳи Кӯлоб — Қалъаи Хумб дар масофаи 90,2 км дастгирӣ ёфта, ба хотири сохтмони марҳилаи аввал, ки 40 км роҳро дар бар мегирад, бо сарфи 92,9 млн. доллар байни Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бонки Рушди Осиё, Бунёди рушди иқтисоди Араб, Бунёди рушди Саудӣ созишнома ба имзо расида озмун эълон гардид. Инчунин, лоиҳаҳои инвеститсионии таҷдиди роҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб – Хоруғ – Мурғоб – ағбаи Кулма ба маблағи 299,6 млн. доллар, дар минтақаи Ишкошим барқарорсозии роҳи автомобилгарди Хоруғ – Мурғоб – ағбаи Кулма ба маблағи 243,5 млн. доллар таҳия шудаву ба баррасии сармоягузорон пешниҳод шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






