ШАҲРДОРӢ 4 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚАРЗ ҶУДО КАРД

Март 9, 2011 16:17

      Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — 4 миллион сомонӣ қарзи бефоиз ҷиҳати хариди 6 номгӯй маҳсулоти ниёзи аввал -гӯшт, картошка, пиёз, орд, равғани растанӣ, биринҷ ба КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ҷудо  гардид. Дар робита ба ин Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори махсус ба тасвиб расонид. Қарзи бефоиз аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ҷудо гардида, дар мӯҳлати 9 моҳ, яъне то 1 декабри соли 2011 пардохт мегардад.       Ин тадбир бо мақсади ғанӣ  гардонидани  бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон андешида шудааст, гуфт котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов.            Муқаррар шуд, ки маблағҳои чиниши яквақта ва кору хизматрасониҳоро, ки ба суратҳисоби ҷории бозорҳо ворид мегарданд, роҳбарияти бозорҳои коммуналӣ ба хариди  дигар намудҳои маҳсулоти ниёзи аввали мардум, аз қабили сабзӣ, карам, гандум, помидору бодиринг, шир, тухм ва маҳсулоти полезӣ сарф намоянд. Бо ин мақсад шартномаҳои пешакиро барои харидани маҳсулоти кишоварзӣ бо хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва дигар сохторҳои кишоварзӣ  бо назардошти то 20% пешпардохти маблағҳо ба имзо расонанд ва ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои ёрирасон барои гирифтани қитъаи замин аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Март 9, 2011 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд