ШАНБЕГИИ САБЗ ДАР ОСТОНАИ НАВРӮЗ

Март 9, 2011 16:39

Душанбе, 9 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани  ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҳуҷастапай дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷамъияти  саҳомии пӯшидаи «ТТ мобайл» дар ҳамкорӣ бо раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрию ноҳиявӣ 12 марти соли 2011 дар ҳудуди боғи ба номи Мироненкои ноҳияи Сино чорабинии «Шанбегии сабз»-ро мегузаронад. Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар робита ба ин сокинон — табиатдӯстони шаҳри Душанбе имкон доранд дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар тозагию ободонии пойтахт гузоранд.          Бояд тазаккур дод, ки ин чорабинӣ дар доираи татбиқи барномаҳои экологии шаҳрдорӣ ва тақвияти корҳои  ободонию омодагӣ ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт ташкил ва гузаронида мешавад.

Март 9, 2011 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид