ТӮҲФА БА МОДАРОН

Март 4, 2011 15:48

  Файзобод,  4 март. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатова). –  Тавре    муовини  раиси  ноҳияи  Файзобод Сайбӣ  Раҷабова ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  иттилоъ  дод,   бахшида ба   Иди модар  дар тамоми    шаҳраку деҳоти ноҳия   ҷамъомадҳо баргузор гардида,   дар  он  занони  собиқадор ва оилаҳои  беҳтарин  иштирок  менамоянд.       Рӯзи  7 март  дар  Қасри  фарҳанги  ноҳияи  Файзобод  бо  иштироки  раиси  ноҳия  бахшида ба  ин  ҷашн  ҷамъомади  бошукӯҳ гузаронида  мешавад.  Дар  он  300  нафар  занони  собиқадор ва пешқадами ноҳия   ширкат  варзида  сазовори тӯҳфаҳо мегарданд. Сайбӣ  Раҷабова  афзуд, ки  дар  арафаи  ҷашни    модар 10  нафар  зани  синнашон  аз 95 – сола  боло, ки сокини ноҳия мебошанд,    аз тарафи раиси ноҳия аёдат   шуда,   ба онҳо  тӯҳфаҳои  идона  тақдим    мешаванд.

Март 4, 2011 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид