ТАЪСИСИ ШӮРОИ НАВ ДАР НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Март 1, 2011 17:54

   Душанбе,  1 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дирӯз дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Низомнома ва ҳайати Шӯро тасдиқ гардид.    Раиси Шӯро ба дӯши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарасти соҳа ва Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муовинони ӯ таъин шуданд.    Ҳамзамон ба аъзогии Шӯро роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҳукумат, Раисони ВМКБ, Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, раисони федератсияи дзюдо,  раиси Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиа, раиси Ассотсиатсияи рӯзноманигорони бахши варзиш ва олимпичиёни Тоҷикистон, директории идоракунандаи КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик», сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», раиси Раёсати Бонки амонатгузорӣ «Амонатбонк», раисони ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи  «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк» ва варзишгарони машҳури мамлакат Расул Боқиев ва Дилшод Назаров шомиланд.    Мақсади асосии Шӯро ин мусоидат дар рушд ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт мебошад.             Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши итилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Март 1, 2011 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд